Ваҳдати миллӣ ҷовидонист
- Нашр шуд: 16.04.2020 16:12
16 апрели соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри конференсияи шашуми Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид. Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо якдилона раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак интихоб гардида, дар назди вакилон аз корҳои анҷом дода ҳисобот дод.
Дар кори конференсия муовини раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоира Рудобаи Мукаррамзода, Хоҷамиров Муслиҳиддин - масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдулоев Фақер- котиби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,Баёзӣ Саидҷаъфар-котиби масъули нашрияи “Ваҳдатсаро” , шоир иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
![]() |
![]() |
![]() |