Ҳифзи саломатӣ дар тозагист
- Нашр шуд: 16.04.2020 15:56
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади таъмини пешгирӣ аз бемории коронавирус ва омилҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳаматарафа ба роҳ мондааст.
Инчунин, дар ин раванд Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаву маҳал роҳандозӣ гардида, оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ тавсияҳои судманд ва варақаҳои таблиғотӣ ба сокинон дастрас шуда истодаанд. Ба сокинон таъкид карда шуда истодааст, ки дар кӯча ва хонаҳои худ қоидаҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди касалиҳои сироятӣ эъмин нигоҳ доранд.
Аз санаи 6 апрели соли ҷорӣ то имрӯз зиёда аз 2950 адад варақаҳои иттилоотӣ ба сокинони шаҳр тақсим карда шудааст.
![]() |
![]() |
![]() |