Ҷаласаи Шӯрои куҳансолон
- Нашр шуд: 18.03.2020 13:20
Санаи 18 марти соли 2020 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Шӯро Қосимов Р ва аъзоёни он Назарова Г, Иброҳимова Т, Азимова М, Сафарова С, Собиров Ш, Абдуллоев С, Ёров А, Раҳимов А, Саидов Ш ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Қосимов Р оғоз намуда саравал аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфт. Сипас барои саҳми арзанда гузоштани аъзоёни Шӯрои куҳансолон дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқ, ки санаи 1 марти соли 2020 баргузор гардида буд арзи сипос намуда, барои баррасӣ ва муҳокимаи Шӯро масъалаҳои нақшавиро манзур намуд.
Аз рӯи масъалаҳои пешниҳодшуда Саидов Ш, Абдуллоев С, Еров А, Назарова Г, Собиров Ш баромад карда ибрози ақида намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои куҳансолон сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Набиев С иштирок ва суханронӣ намуд.