МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

ЗАБОН ВА ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2023
16 январи соли 2023 таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Норак, муовини раиси Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид аз фаъолияти Комиссия дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.
 
Дар кори ҷаласаи комиссия, аъзои комиссия, иштирок намуданд.
 
Нахуст, муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошт ва ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст.
 
Зикр карда шуд, ки дар шаҳр бо мақсади рушди забони давлатӣ, шинохти мақоми он, ташаккули худшиносию худогоҳии мардум, ҷиҳати татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи намунавии Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасвиб расидааст.
 
Оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2023, котиби комиссия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Нуров Пирмаҳмад ҳисоботро пешниҳод намуд.
 
Гуфта шуд, ки бо мақсади амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ комиссияҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо ба рушди бемайлони забони давлатӣ равона карда шудааст.
 
Сипас, лоиҳаи нақшаи кори Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои соли 2024 бо ҷонибдории аъзои комиссия тасдиқ карда шуд.
 
Сипас, муовини раиси шаҳри Норак, муовини раиси Комиссия Зуҳро Ҳакимзода вобаста ба вусъати фаъолияти комиссияи шаҳрӣ ва комиссияҳои байниидоравӣ дастуру супоришҳои мушаххас, аз ҷумла риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, зери назорат қарор додани ҳолати насби шиору овезаҳо, мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ номгузорӣ намудани коргоҳу муассисаҳо, таъсис ва ба роҳ мондани маҳфили "Забон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ" ва амсоли инҳо дода, вазифаҳои аъзои комиссияро барои соли 2024 мушаххас намуд.