МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Шоми 31 декабри соли 2023 дар майдони марказии шаҳри Норак тантанаҳои идона бахшида ба Соли Нави мелодӣ бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод баргузор гардид. Дар чорабинии солинавӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.
 
Асозода Дилшод Алимурод-раиси шаҳри Норак кулли сокинону меҳмононро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 таҳният гуфта, барояшон бурдбориву саодатмандӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Аз рўзгори мо боз як соли пурнишот, созанда, хотирмон ва пур аз рўйдодҳои таърихӣ сипарӣ гашта, чанде пас бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои наҷиб Соли нави мелодиро якҷоя истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат кули сокинони сарбаланду саодатманд ва заҳматқарини шаҳри энергетикҳои тоҷикро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик гуфта, сиҳатмандиву рўзгори осуда, хушбахтиву комёбӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
 
Соли 2023 дар таърихи халқи тоҷик чун соли пурбаракат ва саршор аз накутарин воқеоти таърихӣ арзёбӣ гардида, фаромўшнашаванда боқӣ монд.
 
Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.
 
Зикр ба ёдоварист, ки дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи сокинони шаҳр қисми зиёди кўчаю маҳалла ва деҳотҳои дурдаст хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони шаҳр бартараф карда шуданд.
 
Далели гуфтаҳо ин аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бахшида ба муносибати 32-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 адад иншоот ба маблағи 47765,2 ҳазор сомонӣ аз ҷумла:
-терминали хизматрасонии “Норак” дар минтақаи манзилии№1;
-бозори “Рамзи Норак” дар минтақаи манзилии№4;
- кашидани хатти оби нўшокӣ ба дарозии 7 км ва 4 синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №22-и деҳаи Навде;
- майдончаи варзишӣ дар муассисаи таълимии №9-и маҳаллаи Энергетик;
-равшаннамоии роҳи марказии маҳаллаи Чортут;
-бинои иловагӣ дар фермаи мурғпарварии “Лаззати Норак” дар маҳаллаи Тутқавул;
-9 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ;
-11 минтақаҳои истироҳатӣ;
- муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.
 
Дар баробари дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаамон дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд.
Лекин хотиррасон месозам, ки бовари мо барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда, яъне таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати халқамон, фардои ободи Ватан ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат қавӣ ва қатъӣ мебошад.
 
Барои расидан ба ҳадафҳои некамон ва иҷрои нақшаву барномаҳои созандаамон мо захираву имкониятҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми ватандӯсту заҳматқарин ва бонангу номус дорем.
Дар ин лаҳзаҳои идона, мехоҳам бо ифтихору самимият изҳор намоям, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
 
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти мо дар соли нави 2024 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд.
 
Ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми шањрро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созанд.
 
Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.
 
Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави 2024-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои худ самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
 
Барномаи рангини театрикунонидашуда ва суруду таронаҳои аҳли фарҳанги шаҳр ба барнома шукуҳи тоза бахшид.