МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ НОРАК АСОЗОДА ДИЛШОД АЛИМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи касбиатон самимимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо дар иҷрои рисолати бузурги касбӣ, аз ҷумла садоқат ба давлату миллат, ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир, озодиву истиқлолият, манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти миллӣ барору комёбиҳо орзу менамоем.
 
Маҳз дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар амалиётҳои зиёди ҷангӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ ба муқобили дастаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, марзшиканӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик фаъолона иштирок намудаанд.
 
Тантанаи ғояҳои демократия, адолат ва ваҳдати ҷомеа аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги давраи истиқлолият мебошад. Дар густариши ин равандҳо ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мақомоти амният мавқеи хосаро ишғол менамояд. Кормандони амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад. Дар баробари ин муқобили терроризми сиёсӣ ва экстремизми динӣ муборизаи беамон бурда, тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
 
Боиси қаноатмандӣ аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, мубориза алайҳи ҷиноятҳои терроризму экстремизм ва муташаккили байналмиллалӣ гузошта шударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
 
Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».
 
Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони амният, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Аз ин лиҳоз тамоми кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро ба муносибати Рӯзи касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, ба якояки кормандони ин соҳаи бонуфузи кишвар дар иҷрои рисолати бузург — ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир — озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоем.
 
Иди касби муборак фарзандони шуҷои Ватан.