МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Сентябр 2024
Норак

МАЪЮБОН ДАР ҲИМОЯИ ДАВЛАТАНД.

Дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ дасти сахо дароз намудан ба ятимону маъюбон, барҷомондагон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
 
Бо ин мақсад, имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар пайравӣ ба сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи Соли нави мелодӣ дар тарабхонаи "Сайёд"- и шаҳри Норак чорабини идона бо иштироки раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод ва кӯдакони имконияташон маҳдуд доир карда шуд.
 
Дар оғози чорабини аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дастурхони идона ороста шуда, ба кӯдакон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
 
Қабл баъд аз супоридани тӯҳфаҳо Раиси шаҳри Норак-Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ намуда, зикр карданд, ки: “халқи тоҷик аз азал бо саховатмандӣ ва ҳиммати баланди хеш маъруфу машҳур буда, анъанаҳои неки ҳамраъйӣ ва дасти якдигарро гирифтан суннати волои мардуми мо ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон сол то сол аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ҳамовозӣ ва пайравиро соҳиб гаштааст, ки ин аз сиёсати инсонмеҳвари давлат ва Ҳукумати мамлакат гувоҳӣ медиҳанд”.
 
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Норак барномаи ҷолиби Соли навӣ пешкаши кӯдакон гардонида шуд.