МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

Худшиносӣ мароми мост

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо вохӯрӣ бо раисони деҳаҳо, кӯчаю хонаҳои истиқоматӣ, ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилӣ, ходимони дин, фаъолони шаҳр оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷгардида баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, намояндагони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои дар паём зикршуда изҳори  ақида  намуданд.