МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

АЁДАТИ МОДАРИ 105 СОЛА

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо мақсади ба ғамхорӣ ва аёдат фаро гирифтани пирони хирад имрӯз 14 декабри соли 2023 муовини якуми раиси шаҳри Норак Азимзода Шуҳрат аз вазъи зисту зиндагии Модари 105 сола Давлатова Нурбӣ сокини деҳаи Маҳрозӣ Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак боздид ба амал овард.
 
Зимни суҳбат оид ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.
Модарони рӯзгордида аз таваҷҷуҳ ба пирони хирад дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри рушди босуботи Ватан ва ҷовидона танинандозии ваҳдати миллӣ дуои хайр намуданд.