МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

МАЪЮБОН УЗВИ КОМИЛҲУҚУҚИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории навбатии давлатӣ фаро гирифтани шахсони дорои имконияти маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар тарабхонаи “Сайёд”-и шаҳри Норак ҷамъомади бошукуҳ бо густурдани дастурхони идона барои 60 нафар маъюбон ва аъзои оилаи онҳо доир гардид.
 
Нахуст раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ намуда, аз дастгириву пуштибонии давлатии ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманд ва барҷомондагон ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 8 июл чун ба сифати Рӯзи маъюбон таҷлил мегардад, ки нишонаи олии таваҷҷуҳ ва дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат мебошад.
 
Ба таъбири ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд”.
 
Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳ ба маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад.
 
Бояд қайд намуд, ки дар байни маъюбон кормандони соҳаҳои гуногуни меҳнат шурӯъ аз меҳнаткашони қаторӣ то арбобони барҷастаи сиёсӣ, илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷангу меҳнатро дидан мумкин аст, ки онҳо низ дар доираи имконияти худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ширкат варзида, дар ташкилоту корхонаҳо фаъолияти пурмаҳсул менамоянд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
 
Дар шаҳри Норак низ баҳри ғамхории ҳамешагӣ ба маъюбону шахсони дорои имконияти маҳдуд пайваста таваҷҷуҳ равона мегардад.
 
Зери барномаи рангини фарҳангӣ шахсони дорои имконияти маҳдуд ва аъзои оилаи онҳо шодиву хушҳолӣ намуданд.