МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Декабр 2024
Норак

БАРГУЗОРИИ ХОНИШХОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ"

Дар доираи Нақша чорабиниҳои хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ташакулли мафкураи ҳуқуқии ҷавонон ва аҳолӣ таҳти унвони "ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН - ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРӢ" бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши САҲШ-и шаҳри Норак Саидмуродзода Сарвиноз, директори маркази пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳри Норак Девонаева Хуршеда ва роҳбарияти муасисаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак бо хонандагони сину соли 14-16 ва 17-18 сола ва волидайни онҳо гузаронида шуд.
 
Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид расонида шуд. Ҳамзамон тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.
Ҳамзамон оид ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳо дар байни ҷавонон, иззату эҳтироми падару модар, омӯзгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуд.