Ба аҳли маърифат тавфиқ мехоҳам!
- Нашр шуд: 13.03.2020 02:42
Шуъбаи соядастҳои китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак дорои 25735 нусха китобҳои шоирону нависандагон, арбобони сиёсии ҷаҳон мебошад, ки муаллифон бо соядаст ба китобхона тақдим намудаанд. Ин иқдом аз соли 1984 шуруъ гардида, то имрӯз давом дорад.
Боиси қайд аст, ки дар шуъба китобҳои шоирону нависандагон, ходимони сиёсии 15 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ маҳфуз мебошад. Китобҳо бо 66 забони ҷаҳон аз 46 мамлакатҳо ба намоиши дӯстдорони китоб гузошта шуда, шуъба ба рӯйхати мероси ниёгони ҷумҳурӣ дохил карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин соядаст гузоштаанд: «Эҳдо ба китобхонаи «Дӯстии халқҳо» Ба ихлосмандони китоб ва аҳли маърифат тавфиқ мехоҳам!»
Раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо рӯзи 12 марти соли 2020 аз китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо» дидан намуда, бо кормандони китобхона вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ ба китобдорон дастур доданд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо ҷалби ҳарчи бештари дӯстдорони китоб баргузор намудани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар охири вохӯрӣ раиси шаҳр Неъматзода Маликшо Маҳмадшо дар дафтари қайди фикру мулоҳизаҳои шуъбаи соядастҳои китобхона таманиёти хешро сабт намуданд.