Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи давлатӣ рақами 1-и шаҳри Норак
- Нашр шуд: 26.11.2023 05:19
Санаи 23 ноябри соли равон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳри Норак бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, кор бо занон, кор бо ҷавонон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки “Воқеан Парчам муаррифгарӣ ҳар як давлати мустақил аст. Таърих гувоҳ аст, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, муттаҳид, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси миллати тоҷик буд, зеро давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон дорои таърих, суннатҳои хоси миллӣ ва анъанаҳои қадима мебошад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки ифодагари мавҷудияти давлатдории миллат маҳсуб меёфт”.
Дар идомаи чорабинии идона меҳмонон доир ба нақш ва манзалати Парчами давлатӣ маърӯза намуда, диққати ҳозиринро перомуни арзиши волои ин муқадасот ҷалб сохтанд. Зимни ироаи маърӯзаҳо аз ҷумла зикр шуд, ки муносибати эҳтиромона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди худшиносу ватандӯсти ҷомеа ва қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди кишвар сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба миллат ва давлату давлатдорӣ бошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа таъкид намоем.
Дар охир барномаи омоданамудаи хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи давлатии рақами 1-и шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |