МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Июл 2024
Норак

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО

Имрӯз 16 ноябри соли равон дар Филллиали МГТ -и "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак" Конференсияи сиесӣ-фарҳагӣ таҳти унвони "Пешвои мо ифтихори мо" бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шубаи маорифи шаҳр Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо занон ва оила Шулашова Ҳабиба, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ доир гардид.
 
Зимни ироаи Паёми табрикии муовини Раиси шаҳр Ҳакимзода Зуҳро корномаҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ёдовар гардида, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун эъломияи Истиқлолияти давлатӣ муҳим унвон дод, заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ёдовар гардида, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварро намунаи равшани ин тадбирҳо арзёбӣ кард.
 
Дар фарҷом барномаи рангини сиёсӣ-фарҳангии омода намудаи омӯзгорон ва донишҷӯёни МГТ -и "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак" иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона дар васфи Тоҷикистон ва роҳбари оқилу дурандеш, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.