МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пас азизанду муборакқисматанд,
Ҳамдами миллат,барои миллатанд.
Мерасад то бар фалакҳо фахри мо,
З- он ки ҳарду раҳнамои миллатанд.
 
Таърихи на он қадар тулонӣ, вале пурҳаводиси даврони истиқлолият гувоҳ аст, ки баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, яъне аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ин нуқтаро пайваста таъкид менамоянд ва ҳақ бар ҷонибашон аст.
 
Агар ба ин солҳо нуқтасанҷона назар афканем аёнамон мегардад, ки Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани қадру қимат ва манзалату эҳтироми зан-модар саҳми беназир гузоштаанд. Эълон намудани 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар, қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, Консепсияи рушди оила ва “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, таъкилҳои пайвастаашон аз минбарҳои ватанию хориҷӣ ва эътирофи аҳои бештар аз садоқату сарсупурдагии Пешвои муаззами миллат исботи ин гуфтаҳост.
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат бо мақсади таҳкими мақому манзалати зан, баланд бардоштани сатҳу маърифатнокии ӯ тамоми имкониятҳоро сафарбар намудаанд. Наврасону ҷавонон ба таъкиди Сарвари давлат ояндаи неки кишварамон мебошад. Пас, зан-модар ҳамчун мураббӣ ва муаллими аввалини фарзанд дар ҷода нақши муҳимро мебозад, чунки бар дӯши вазифаи ҷиддӣ- тарбияи ворисони миллат ва ҳомиён қарор дорад.
 
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкид карданд, ки: “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ мнамоем”. Яъне бо иқдоми неки Пешвои миллат мавқеи зан минбаъд низ зина ба зина боло меравад.
 
Аз ин рӯ, бояд занон бо шукургузорӣ аз сулҳу субот, рушду тараққиёт, ободиву созандагӣ ва гулгулшукуфоии сарзаминамон аз пайи илму ирфон гардида, тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор бошанд ва барои тарбияи хуби фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Мусаллам аст, ки модари соҳиби саводу дониш ва дорои таҷрибаву ҷаҳонбинӣ фарзанди босаводу хушахлоқ тарбия менамояд ва бо ин пояи ояндаи неки миллату давлатро мегузорад.
 
Маҳз модарони боирфони тоҷик Рӯдакиву Сино, Саъдиву Ҳофиз, Спитамену Муқаннаъ, Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон барин фарзандони шуҳрати ҷаҳонидоштаро ба дунё оварда, ба камол расонидаанд. Имрӯз низ зан- модари тоҷик қодир аст, ки фарзандони солеҳро ба камол расонида, бо меҳру фарҳанги худ башариятро тасхир намояд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат қайд намуданд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”. Ҳамин эътимоду боварӣ буд, ки имрӯз занон дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардон дар сохторҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд ва дар мароми созандагиву бунёдкорӣ, ободиву тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.Мо занону модарон бояд тавре зиндагиву кор кунем, ки бо рафтору гуфтори нек ва хизмати софдилона ба эътимоди Пешвои муаззами миллат сазовор бошем.
 
Ҳамдиёрони азиз имрӯз яке аз рӯзҳои таърихи миллати тоҷик аст,ки дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намудаистодаем.Аз самими қалб ба падари ғамхори миллатам тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва барои Ватани азизамон тинҷию амониро тамано дорам. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 - солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат муборак бошад.
 
Зуҳро Ҳакимзода - муовини раиси шаҳри Норак