МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Ноябр 2023
Норак

АЁДАТИ САРБОЗОН ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 15 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак зери роҳбарии Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод бо сарбозони қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6593 Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норакбуда вохӯри ва дастархонӣ идона ороста шуд.
 
Зимни баргузории вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрик гуфт. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебарад.