ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- Нашр шуд: 17.11.2023 08:29
Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввал дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши воқеӣ ва амалисозандаи ормонҳои хешро дид ва хато ҳам накард. Чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари фозилу хирадманд давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофашон муттаҳид ва ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ҳамаи дастовардҳои сиёсати хориҷиву дохилии мамлакат нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало мушоҳида мешавад. Солҳои охир дар замоне, ки аксари сиёсатшиносон ва иқтисодчиён аз буҳрони иқтисодиву сиёсии навини ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд ва хатари ҷангҳои нави минтақавиву ҷаҳониро ҳадс мезананд, ибрози ақидаи як миллат ва ҷонибдорӣ аз ҷойгоҳи худ кори саҳлу осон нест.
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама дар таъмини сулҳу осоиштагии Тоҷикистон ва пас аз он дар рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бағоят муассир буда, таърихи муосири Тоҷикистон бо номи ин марди фарзона сахт вобастагӣ пайдо намудааст. Эмомалӣ Раҳмон фарзанди асили модари тоҷик дар солҳои парокандагии сиёсиву низои миллии тоҷикон ба майдони сиёсат омадаву бо ҳама гуна фидокорӣ ва азхудгузаштагӣ дар муддати кӯтоҳ дар қалбҳои мардуми тоҷик ҷойи худро пайдо намуд. Бахусус ҷасуриву далерӣ ва нотарсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари як давлати ҷангзада барои аксари мамлакатҳои ҷаҳон намунаи волотарини қаҳрамонӣ ва фидокорӣ дар роҳи эҳёи сулҳу ваҳдати миллии мамлакати азиз ба шумор мерафт. Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1992-1993-и қарни гузашта аз камшумортарин роҳбарони хориҷӣ буд, ки бо мақсади иштирок дар мубоҳисаи сулҳи тоҷикон ба кишвари ҷангзада ва ҳатто амнияташ нотаъмини Афғонистон сафар намуд. Ин қаҳрамонӣ барои аксарияти рафиқону ҳамсафони роҳбари мо намунаи ибрат буд. Зимни чунин вохӯриҳо яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва Вазири дифои вақти ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳамсафарони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эшон чунин гуфта буд: “Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!” Ин марди оқил ва далер Пешвои муаззами моро “неъмати бебаҳо” ва “раҳмати Худо” номид, ки ин гувоҳӣ аз шуҳрату шон ва шукӯҳи Эмомалӣ Раҳмони ҷавон, ки дар он давра ҳанӯз 40 сол дошт, дар байни ҳамтоёни хориҷиаш медиҳад.
Дар ин росто насиҳатҳои падаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо занону бонувон намунаи олии ибрат буда, аз мақому манзалати бонуи тоҷик дар назди роҳбари давлату Ҳукумат шаҳодат медиҳад. Ва мо занон низ дар ин радиф ваъда медиҳем, ки ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат, кулли донишу заковатамонро пайи сарсабзии меҳанамон равона месозем. Ҳамзамон, исбот месозем, ки воқеан ҳам мо занону бонувони тоҷик, ҳамеша сиёсатҳои пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллатро дастгирӣ месозем ва зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” бо гомҳои устувортар ба сӯйи ояндаи дурахшон ҳаракат менамоем.
Имрӯзҳо бо хираду заковати Пешвои миллат кишварамон дар ҳолати рушду инкишофи рӯзафзун қарор дорад. Бешак, ояндаи Тоҷикистони азиз бо ҷилои хиради Пешвои миллат боз ҳам мунаввар гардида, фардои Ватани азизамон зери сиёсати сулҳҷӯёна ва адолатпарваронаи Президенти маҳбуб аз ин ҳам дурахшону нуронӣ хоҳад шуд.
КАРИМЗОДА АНЗУРАТ-раиси Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ