МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2025
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ЭМОМAЛӢ РAҲМОН - МЕЪМОРИ ВAҲДAТИ МИЛЛӢ

Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и шаҳри Норак чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло, мудири шубаи маориф Ҳайдарзода Садбарг, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Зайниддинов Азамат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳр Шулашова Ҳабиба, кормандони шубаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.
 
Дар чорабини мазкур баромадкунандагон қайд намуд, ки Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд ва дар баромадҳояшон «Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошад» гуфта таъкид менамояд. Бояд ҳамаи мо ҷавонон кӯшиши зиёд ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ намоем. Вақте, ки Пешвои миллат ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро ба ҷавонон боварӣ менамоянд пас, ҳар яки мо- ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии Ватанамон хизмат намоем. Аз таъкидҳои дигари Президент нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи Ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд, чуноне ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».
 
Дар охири чорабинӣ барномаи пурмӯҳтавои идона аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳр намоиш дода шуд.