МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР БО АҲОЛИИ ДЕҲОТ

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 7 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13- и деҳаи Гирдоби Ҷамоати деҳоти Пули Сангин вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шӯъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надоданд ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волояти қонун, сари вақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷиноӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷоме ва даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
 
Дар вохӯри аз тарафи баромадкунандагон қайд карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
 
Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020” қабул намуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
 
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
 
Ҳамчунин, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ,тақлид ба фарҳанги бегона ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар суханронӣ карда шуд.