МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2024
Норак

КОНСТИТУТСИЯ – ИФОДАГАРИ АЗМУ ИРОДАИ ХАЛҚ

Дар толори маҷлисгоҳи филиали "Нерӯгоҳи Норак"-и ҶСК "Барқи тоҷик" ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони "Конститусияи-ифодагари азму иродаи халқ" баргузор гардид.
 
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, роҳбарияти Нерӯгоҳ ва кормандон он иштирок намуданд.
 
Иброз гардид, ки Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим дароварда, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имконоти баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.
 
Баробарҳуқуқӣ- ин ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсия шиносномаи миллату давлат, санади танзимкунандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафили боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
 
Бо назардошти муҳимияти масъала дар кори ҳамоиш омилҳо ва марҳилаҳои ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон доир ба он табодули афкор намуданд.