МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Апрел 2024
Норак

КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 2 ноябри соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони "Конститутсияи бахтномаи миллат" бахшида ба 29 -солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода, бонувони шубаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бонувони фаъоли мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр доир гардид.
 
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 6-уми ноябри 1994 дар таърихи давлатдории миллатамон саҳифаи нав кушода шуд. Халқи тоҷик аввалин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намуд, ки он кишвари моро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
 
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шавад. Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003, иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд.».
 
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.Аз ин рӯ, кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.
 
Ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст ва пешрафту дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳар як фарди ҷумҳуриро водор мекунад, ки Ватани худро бештар дӯст дошта, сулҳу субот ва якпарчагии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои амалӣ гаштани ин мақсадҳои наҷиби ватандӯстона мо ҳамеша худро такягоҳи боэътимоди халқу давлат шуморида, баҳри таъмини бечунучарои волияти қонун бо дарки масъулиятшиносии баланд, камари ҳиммат мебандем.
 
Мо бояд ба ин сарвати бебаҳо, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири ин абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва тамоми қувва ва маҳорати худро барои нигаҳдории сулҳу субот ва ободиву пешрафти Ватанамон Тоҷикистони азиз дареғ надорем.Чунки вақти он расидааст, ки Ватани худро дар амал ва сидқан дӯст дошта,ҳимояи ин Ватани муқаддас вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Дар фарҷоми чорабинӣ, якчанд нафар занону бонувони фаъоли мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.