БАРГУЗОРИИ КУММТАИ ТАДОРУКОТӢ БАХШИДА БА ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСИВУ ФАРҲАНГӢ ДАР МОҲИ НОЯБРИ СОЛИ ҶОРӢ
- Нашр шуд: 01.11.2023 23:25
Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар толори хурди мақомоти иҷроияи шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Зуҳро Ҳакимзода ҷалласаи Кумитаи тадорукоти бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар ҷалласаи мазкур аъзои Кумитаи тадорукот, бо иштироки роҳбарони муассисаҳои шаҳр ва мудирони шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рузи Конститутсияи, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шуданд.