Даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳо ва шириниҳои миллӣ ва муосир»
- Нашр шуд: 31.10.2023 02:14
Санаи 28 октябри ҷорӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Хӯришҳо ва шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун ҳунармандон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иштироки фаъолона намуда, бо ифтихорномаи тадорукотии озмуни ҷумҳуриявии "Хӯришҳо ва шириниҳои миллӣ ва муосир" қадрдонӣ карда шуд.