МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2024
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

Санаи 26 - октябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳо,инчунин шахсони мутасаддӣ ҷаласаи кори оиди амалигардонии Стратегияи давлати муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030,марҳилаи аввал солҳои 2021-2025 ва комиссияи ҷамъияти муқовимат ба коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
 
Зимни баромад қайд карда шуд,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуда буданд,ки "Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад".
 
Бояд таъкид кард,ки замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонида, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.
 
Аз замони касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.”
 
Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба рафъ намудани омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд ва дар баробари ба низом даровардани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа низ таъсиргузоранд. Аз замони тасвиби «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» дар таърихи 25-уми сентябри соли 2006 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуданд.
 
Табиист, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба он кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.
 
Дар охир ба шахсони мутасаддӣ оид ба амалигардонии Стратегияи давлати муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва комиссияи ҷамъияти муқовимат ба коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супоришу дастурҳо дода шуд.