МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Феврал 2024
  • Дш.
  • Сш.
  • Чш.
  • Пш.
  • Ҷм.
  • Ш.
  • Як.
Норак

ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНА АЗ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Дар ҷаҳони пуртазод имрўзҳо баъзе аз шахсони манфур баҳри ба даст овардани ғаразҳои худ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд бо василаи ҷангу ҷидол ва барангехтани кинваву адоват миллатҳои дунёро сарнагун созанд, давлату кишварҳоро ноором созанд. Яке аз роҳҳое, ки ин гурӯҳҳо пешаи худ кардаанд, аз байн бурдани тамаддун ва фарҳанги миллатҳо аст.
 
Имрӯзҳо баъзе аз ҷавонони кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷавонони тоҷик ба пўшидани либосҳои ба фарҳанги тоҷик хос набуда, яъне ба бегонапарастӣ машғуланд, ки он боиси таассуф мебошад..
 
Миллати тоҷик таърихи қадима ва дорои фарҳанги тамаддунофар мебошад. Бо истифода аз бойгониҳо ва таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон мехоҳем қайд намоям,ки либоси миллӣ ба ҳусни занону бонувони тоҷик ҳусни дигар зам менамояд.
 
Бо ба даст овардани Истиқлолият дар ҷумҳурӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар гардида, аз ҷониби давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт.Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат "Чакан", ки яке аз либоси милли тоҷик ба ҳисоб меравад ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ки натанҳо занону бонувони тоҷик, балки тамоми занону бонувони ҷаҳон "Чакан"-ро ҳамчун либоси миллӣ занону бонувони тоҷик мешиносанд. Ин ифтихор аз соҳибдавлатӣ ва соҳиб тамаддун будани миллати тоҷик дарак медиҳад.Мо ки шахсони мутасади кӯшиш намудаистодаем, ки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.
 
Чунки либоси миллӣ муаррифгари миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар қавм аст.Бахсус мо шахсони мутасадиро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандҳазорсолаи миллати худ кунем, либоси миллии худро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем ва зебоипарастиву рушди ҳунарҳои мардумиро минбаъд низ ба дигарон талқин намоем.
 
ЗУҲРО ҲАКИМЗОДА-муовини раиси шаҳри Норак