МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
 ШАҲРИ НОРАК
 

 

 

 

 

Октябр 2023
Норак

ВАТАН-МОДАР БЕИМОНУ БЕИНСОФ, БЕВИҶДОН ВА БЕНАНГУ НОМУСРО НАМЕПАРВАРАД

Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст....
 
Дар ҳақиқат Саъдӣ Шерозӣ дар "Гулистон"- худ дуруст ва ба ҷо фармудааст, ки:
 
Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,
Тарбият номаҳоро чун гирдакон бар гунбад аст.
 
Бухлу ҳасаду уҷбу кинаву адоват нисбати давлату миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик чунон чашмони хоинону насли фасодро кӯр кардаву гушҳояшонро кар карда, пулҳояшонро тирра кардааст, ки намебинанду намешунаванду дарк намекунанд. Касе набошад Кабирӣ аст, Муҳаммадиқбол аст ё каси дигаре. Дар ҳақиқат тоифае ҳастанд феълу атвори каждумро доранд, инро фаҳмидан мумкин. Лекин ба ин дараҷа имону инсофу виҷдон ва Ватану миллату дину мазҳаби худро баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои нопоку ифлосу ҳароми худ мефурӯшанд, ҳоҷати гапу сухан нест. Гоҳ аз дину мазҳаб ва гоҳе аз Ватану миллат, гоҳе аз номи миллату Ватан баромад карда, худро муаррифгару дустдору некбини миллату давлату ватану дину мазҳаб мешуморанд, куҷост он имону виҷдону инсофи Шумо "дӯстдорону ҳаводорони ин миллату ин Ватан" ?! Бемаданиятиву бефарҳангӣ ва беномусие, ки шумо беватанон дар давлати Олмон нишон додед ин хоси на миллати куҳанбунёди тоҷик асту на хоси дини мубини ислому на мазҳаби Имоми Аъзам. Шумо фатанфурушон ҳам миллату, ҳам давлату, ҳам дину мазҳабро поймол кардед. Дар маданияту хиради азалии тоҷик ҳурмату иззат нисбат ба бузургон буд, аз ин бармеояд, ки Шумо бемиллатон аз хуни Рудакиву Фирдавсию Сино, Хайёму Ҷомию Мавлоно, Донишу Айниву Турсунзода ва ғайраҳо ғайра бузургону абармардони миллати тоҷик нестед. Дар дини мубини ислом ва мазҳаби Абӯ Ҳанифа низ панду ҳикмат аз хирадмандию сафову сахо, сулҳу ваҳдату дӯстӣ ва дуст доштану ҳифз намудани марзу буму миллату давлату сарвари он гуфта шудааст, пас аз ин бармеояд, ки шумо на мусулмон ҳастеду на дар мазҳаби Эмоми Аъзам. Зеро:
 

Муфассал: ВАТАН-МОДАР БЕИМОНУ БЕИНСОФ, БЕВИҶДОН ВА БЕНАНГУ НОМУСРО НАМЕПАРВАРАД

Тоҷики меҳанфурӯш нони Ватан кӯрат кунад...

Имрӯз , ки мо тоҷикон соҳиби Ватани озоду обод гаштаем, набояд фаромӯш кунем, ки беватаниву бедавлатиҳо бар сари мардуми мо чиҳо оварда буд. Шаҳди истиқлол имкон дод, ки насли имрӯзаи миллати тоҷик таҳти роҳбарии Президенти муаззами кишвар муҳтарам- Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон намуда истодааст. Ва бархе аз нафарони ноҷавонмард-хоинони миллат-гурӯҳи 24 аз бухлу кина ва ҳасудӣ рушду нумӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ дида наметавонанд, мехоҳанд ба миллату давлати тоҷикон санги маломат зананд.
 
Мақсади асосии онҳо фақат як чиз аст, пеш аз ҳама боварии мардумро ба даст овардан, ақидаҳои хоҷагони хориҷиашонро дар мафкураи мардум ҷой додан ва сохти конститутсионии кишварро барҳам задан.
Бо дар назардошти ин, террористону ифротиёни наҳзатӣ тайёранд, ки бо ҳунари ифротгароиву иғвоангезиҳои сиёсӣ, ки дар назди пуштибонҳои хориҷиашон ба намоиш гузоштан аст, барои қонеи нафси ҳаромашон маблағе дарёфт намоянд..
 

Муфассал: Тоҷики меҳанфурӯш нони Ватан кӯрат кунад...

АЁДАТИ МОДАРОНИ 100 ВА 102 СОЛА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲАНСОЛОН

Бо мақсади ба ғамхорӣ ва аёдат фаро гирифтани пирони хирад, собиқадорони меҳнат ва беморон дар остонаи Рӯзи куҳансолон, ки ҳамасола 1 октябр таҷлил мегардад муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро Маҳмадсаид аз вазъи зисту зиндагии Модари 102 сола Сангова Баҳригул сокини маҳаллаи Лангар ва модари 100 сола Охунова Заведа сокини деҳаи Навдеи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак боздид ба амал овард.
 
Зимни суҳбат оид ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд.
 

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Санаи 29 сентябри соли 2023 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак чорабинии фарҳангию-адабӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр-Ҳайдарзода Садбарг ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
 
Дар ифтитоҳи чорабини Ҳакимзода Зуҳро -муовини раиси шаҳри Норак ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табрик намуда, зикр намуд, ки шоирону нависандагон ва адабиётшиносони зиёде, чи ватаниву чи хориҷӣ, нуқтаи назари худро оид ба паҳлуҳои гуногуни осори бадеии Малоно баён намуда, ӯро яке аз шоҳсутунҳои қасри беназири адабиёти мо унвон намудаанд, ки яке аз онҳо Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад.
 

МАЗАН БАР МИЛЛАТИ МАН ТӮҲМАТИ БЕҒАЙРАТИ ҲАРГИЗ, КИ ТОҶИК МАРД БУДУ МАРД ҲАСТУ МАРД МЕМОНАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ - умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ - сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
 
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рӯ ба рӯ шудааст, ки кӯшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот, ки дар ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, таъсири ин амалҳои номатлубу дахшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терорист ва тероризимро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Яъне террорист миллат Ватан мазҳаб надорад. Ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиғоти дуруғину бофтаи ғаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ аз он ҷумла Ҳизби Назҳати Исломӣ, ҳизб-ул-таҳрир, Ансоруллоҳ, ҷиҳодӣ исломӣ, толибон ва даҳҳо гурӯҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурӯҳҳои ғаразнок, ҷангҷӯ, харобкор, ғайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.
 

Муфассал: МАЗАН БАР МИЛЛАТИ МАН ТӮҲМАТИ БЕҒАЙРАТИ ҲАРГИЗ, КИ ТОҶИК МАРД БУДУ МАРД ҲАСТУ МАРД МЕМОНАД